Кишоварзони Ёвон ба корхонаҳои коркарди пахта 18 ҳазору 800 тонна «тиллои сафед» супориданд

Октябрь 21, 2020 14:48

ЁВОН, 21.10.2020. /АМИТ «Ховар»/.  То 20 октябри имсол кишоварзони ноҳияи Ёвон  ба корхонаҳои коркард ва қабули пахта 18 ҳазору 800 тонна пахта  супоридаанд, ки ин ба 75,5 фоизи дурнамо баробар буда, ҳосилнокӣ аз ҳар  гектар 18-сентнериро ташкил медиҳад. Дар ин бора намояндаи Раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон Усмон Ятимов  ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.

Дар ноҳия то 20 октябр 1500 гектар  замин шудгор гардида, дар майдони 1100 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 204 гектар пиёз, 40 гектар сабзӣ, 20 гектар карам ва 350 гектараш гандум мебошад.

Кишоварзони ноҳияи Ёвон  дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ  дар нуҳ моҳи имсол 862,0 миллион  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз он 658 миллиону  388,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби растанипарварӣ ва 203 миллион у 671,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби чорводорӣ мебошад.

Ҳамчунин тайи нуҳ моҳ дар ноҳияи Ёвон  ба  маблағи 1 миллиарду 117 миллиону 988 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 28 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент» 265 ҳазору 70 тонна ва «Ҷунгтсай Моҳир семент» 143 ҳазору 990 тонна сементро ба маблағи умумии 17 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ содирот намудаанд.

Дар назар аст, ки дар оянда аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои таҳпӯши кӯдакона ва аз фабрикаи мурғпарварии «Беҳамто» содироти қаноти мурғ ба роҳ монда шавад.

Октябрь 21, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»