Маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» нашр шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Китоби нав зери унвони «Андешаҳои баргузидаи Пешвои миллат» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор ёфт, — гуфт роҳбари лоиҳаи Фонди адабии Садриддин Айнӣ Эраҷ Айнӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Мураттибони маҷмӯаи иқтибосҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нуралӣ Нурзод ва Зафар Саидзода мебошанд.
Маҷмӯа аз дебоча ва 12 боб иборат аст: «Тоҷикистони соҳибистиқлол — гаҳвораи ҳастии мо», «Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ», «Муқаддасоти миллӣ», «Ваҳдати миллӣ», «Забони мо — ҳастии мо», «Инсон ва ғояи созандаи ӯ», «Ахлоқ ва тарбия», «Ситоиши зан — модар», «Ҷавонон — ояндаи миллат», «Тоҷикистон — Ватани Наврӯз», «Асри тиллоӣ» ва «Шахсиятҳои фаромӯшнашуданӣ».
Дар маҷмӯа иқтибосҳо аз суханрониҳо, мақолаҳо ва китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Тоҷикистон, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангию таърихӣ, ахлоқ ва тарбия, посдории забон, модар, Ватан ва рисолати ҳамзамонони мо оварда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ, мулоқоту суҳбатҳояшон бо халқ ва суханрониҳояш дар форумҳои байналмилалӣ бисёр фикрҳои ҷолиб ва оқилона иброз намудаанд.
Иқтибосҳои дар китоб гирдовардашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва худогоҳии ҷомеа, хусусан насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, муфид ва муассир хоҳанд буд.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






