Маҷмӯаи илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо номи «Анвори дониш» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯаи илмии кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ таҳти унвони «Анвори дониш» аз чоп баромад. Маҷмӯаи мазкур зери назари Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ мунташир гардида, барои пажӯҳишгарони соҳа, устодони донишгоҳҳо, унвонҷӯён, ҳаводорони забону адабиёт ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Тавре аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҷмӯаи илмӣ олимон масъалаҳои марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносиро мавриди пажӯҳиш қарор додаанд. Дар маҷмӯаи «Анвори дониш» мақолаҳои «Тасвири образи модар дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ»-и Нӯъмонҷон Ғаффорӣ, «Тасвири рӯҳи замон, аҳволи мардуми ҳунарвар ва тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар «Шаҳрошӯб»- и Сайидои Насафӣ»-и Саидмуроди Хоҷазод ва Абдурашид Ализода, «Образи занони мубориз дар романи паҳлавонии «Доробнома»- и Абӯтоҳири Тарсусӣ»-и Рухшона Восиева ва Фурӯғ Тоҷиева, «Пешвои миллат ва шинохти ҷаҳони ботинии инсон дар афкори Мавлоно»-и Нуралӣ Нуров ва Хусрав Зокиров, «Забони адабӣ ва рисолати давлатии он»-и Ҷамшед Валиев, «Тафсири даҳ ғазали шайх Камоли Хуҷандӣ»-и Равшани Ҳамроҳ ва дигарон дар партави Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи чоп омадаанд.
Бояд гуфт, ки баррасӣ ва пажӯҳиши масъалаҳои умдаи соҳаҳои мазкур бо дидгоҳи тоза ва назардошти рӯҳи замон меҳвари аслии мақолаҳои маҷмӯаро ташкил медиҳад.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






