Милитсияи Душанбе: тадбирандешӣ нисбат ба вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ «облава» нест!
ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 октябри соли равон дар як зумра сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе паҳн гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст. Муаллифи навор ҳодисаи мазкурро «ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)» шарҳ дода, баъдан ба як зумра расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.
Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан онҳо аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дода шавад.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада, инчунин муайян намудани ҳолати воқеӣ шахсияти ҳамаи иштирокдорони навори мазкур, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки ҷавонмарду ҷавонзани дар наворбуда: Пардаев Бадриддин Искандаровичи 27-сола ва ҳамсари ӯ- Халосова Озода Шамсиддиновнаи 25-сола, сокинони деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Тулдараи шаҳри Ваҳдат буда, соҳиби 3 фарзанд мебошанд.
«Бино ба зикри номбурдагон, 30 сентябри соли равон онҳо дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ба талбандагӣ машғул будаанд, ки кормандони милитсия ба он ҷо ҳозир шуда, хостанд аз мобайни роҳи мошингард ҷавони талбанда- Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеаи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад, ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз байни роҳи мошингард ба канори он бароранд. Ин ҳодисаро ронандаи мошини тамғаи Лексус RX, рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01, шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодовичи 26-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Душанбе, тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида, ба таври иғвоангезӣ ҳамчун «ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)» бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст. Ба гуфтаи худи шаҳрванд Насимҷон Латипов, ҳодисаи мазкур 30 сентбяр рух додааст, ки дар ин рӯз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз оғоз нагардида буд ва муаллифи навор дидаю дониста, ин хабари бардурӯғро ҳамчун ҳодисаи «облава» паҳн намудааст»,- афзуд манбаъ.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ намудааст, ки баъзе аз расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи «облава» инъикос намуданд, ки ин амали рӯзноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст.
«Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба «облава» ягон рабт надорад»,- мегӯяд манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тазаккур медиҳад, ки кормандони милитсия уҳдадоранд ҳар як ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо, дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводи кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбат ба чунин нафарон тадбир андешанд. Зеро онҳо бо ин амалашон сабаби сар задани ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ гашта, на танҳо ҷони худ, балки ҳаёти ронандагонро низ зери хатар мегузоранд.








Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






