Милитсияи Душанбе: тадбирандешӣ нисбат ба вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ «облава» нест!

Октябрь 8, 2020 12:07

 ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  6 октябри соли равон  дар як зумра  сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ва расонаҳои хабарӣ наворе паҳн гардид, ки дар он ҳолати аз роҳи мошингард баровардани 1 нафар ҷавонписар бо як нафар ҷавондухтар аз ҷониби ду нафар корманди милитсия инъикос ёфтааст. Муаллифи навор ҳодисаи мазкурро «ҳолати ба таври маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани ҷавонписар (ба истилоҳ облава)» шарҳ дода, баъдан ба як зумра  расонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн намудааст.

Навори мазкур баъди паҳн гардидан дар шабакаҳои интернетӣ мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифта, зимнан онҳо аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, вобаста ба аз байн бурдани нофаҳмии бавуҷудомада, инчунин муайян намудани ҳолати воқеӣ шахсияти ҳамаи иштирокдорони навори мазкур, аз ҷумла кормандони милитсия, ҷавонмарду ҷавонзани инъикосгардида ва муаллифи навор муайян ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуда, ки ҷавонмарду ҷавонзани дар наворбуда: Пардаев Бадриддин Искандаровичи 27-сола ва  ҳамсари ӯ- Халосова Озода Шамсиддиновнаи 25-сола, сокинони деҳаи Баҳори   Ҷамоати  деҳоти Тулдараи  шаҳри Ваҳдат буда,  соҳиби 3 фарзанд мебошанд.

«Бино ба зикри номбурдагон,   30 сентябри соли  равон онҳо дар ҳудуди давродаври қисмати чапи пули Текстил, рӯ ба рӯи бинои Шарқи озод, дар роҳи мошингард ба талбандагӣ машғул будаанд, ки  кормандони милитсия ба он ҷо ҳозир шуда, хостанд аз мобайни роҳи мошингард ҷавони  талбанда- Бадриддин Пардаевро ба канори роҳ бароранд. Дар ин лаҳза ҳамсари ӯ Озода Халосова монеаи амалкарди кормандони милитсия гардида, намегузорад, ки кормандони милитсия ӯ ва шавҳарашро аз байни роҳи мошингард ба канори он  бароранд.  Ин ҳодисаро ронандаи мошини тамғаи Лексус RX, рақами қайди давлатиаш 9345 ЕМ01, шаҳрванд Латипов Насимҷон Ҳақдодовичи 26-сола,  истиқоматкунандаи кӯчаи А.Ҷомии  шаҳри Душанбе, тавассути телефони мобилиаш сабт намуда, бо гузашти 6-7 рӯз навори мазкурро носанҷида,  ба таври иғвоангезӣ ҳамчун «ҳодисаи маҷбурӣ ба хизмати ҳарбӣ бурдан (облава)» бозтобӣ намуда, тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ва ирсол намудан ба расонаҳои хабарӣ дар шабакаи Интернет паҳн намудааст. Ба гуфтаи худи шаҳрванд Насимҷон Латипов, ҳодисаи мазкур   30 сентбяр рух додааст, ки  дар ин рӯз даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз  оғоз нагардида буд ва  муаллифи навор дидаю дониста, ин хабари бардурӯғро ҳамчун ҳодисаи «облава» паҳн намудааст»,- афзуд манбаъ.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе  изҳори нигаронӣ намудааст, ки баъзе аз  расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳолати корро ба таври пурра дарк ва дуруст ташхис накарда, якҷониба ба таври худ ин ҳодисаро низ ҳамчун ҳодисаи «облава» инъикос намуданд, ки ин амали рӯзноманигорон хилофи этика ва меъёрҳои журналистӣ аст.

«Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондодаш шаҳрванд Пардаев Бадриддин аз соли 2010 то 2012 дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, воқеъ дар шаҳри Конибодом хизмати ҳарбиро ба ҷо оварда, бар замми ин соҳиби 3 фарзанд мебошад ва ҳодисаи мазкур ба «облава» ягон рабт надорад»,- мегӯяд манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тазаккур медиҳад, ки кормандони милитсия уҳдадоранд ҳар як ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракати роҳ аз ҷониби шаҳрвандон, аз ҷумла машғул шудан ба талбандагӣ дар роҳҳои мошингард, зери чароғакҳои роҳнамо, дуд додани испанд, ба фурӯш баровардани ҳар гуна маводи кӯдакона дар роҳҳоро пешгирӣ ва нисбат ба чунин нафарон  тадбир андешанд. Зеро онҳо бо ин амалашон сабаби сар задани ҳар гуна садамаҳои нақлиётӣ гашта, на танҳо ҷони худ, балки ҳаёти ронандагонро низ зери  хатар мегузоранд.

Октябрь 8, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд