Муҳлати боздории санадҳои будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия то 15 декабри соли 2020 тамдид карда шуд

Октябрь 6, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба таваҷҷуҳи ҳамватанон расонида мешавад, ки   ҳама шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба  ҳудуди Федератсияи  Россия бо раводид ё худ бидуни он  ворид шудаанд, муҳлати боздории санадҳои будубоши муваққатӣ,  аз  ҷумла раводид,  иҷозати муваққатӣ ва доимии зист,  қайди муҳоҷиратӣ, муддати амали шаҳодатномаҳои (муваққатӣ) паноҳандагии онҳо то 15 декабри соли равон тамдид карда мешавад.  Дар ин бора    23 сентябри соли  равон  Фармони Президенти Федератсияи Россия  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020  «Оид ба тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ФР дар робита ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти коронавирус (СOVID-19)» ба тавсиб расид.

«Аз  ҳамватаноне, ки дар Федератсияи Россия иқомат   доранд ва бо сабабҳои гуногун дар ин муддат санадҳои будубош ва фаъолияти корияшонро барасмият надаровардаанд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз ин фурсат истифода намуда,  ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароранд», — иброз дошт ба ин муносибат дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди масъули  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  Иброҳим АҲМАДОВ. 

Номбурда фарқияти меъёрҳои фармони мазкурро шарҳ дода, риояи қойидаҳои нави  будубош, фаъолият ва  тадбирҳои муҳофизатӣ  аз бемории сироятии коронавируси нав – Covid-19-ро  аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ  ва ба  рӯйхати мамнӯъшудагон (запретникҳо) ворид нагардидани онҳоро  таъкид намуд.

Иброҳим Аҳмадов  ҳамчунин гуфт:

-Мувофиқи фармони Президенти ФР аз 15 марти то 15 июни соли равон бинобар маҳдудиятҳо вобаста ба пандемияи короновирус муҳоҷирони меҳнатӣ аз масъулияти пардохти андози моҳонаи патент,  ба муддати 3 моҳ озод шуда буданд. Яъне дар муҳлати се моҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби Ҳукумати Россия сабукӣ пешниҳод карда шуд, то шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити бекорӣ ва худканоргирӣ аз масъулияти ҳатмии пардохти моҳонаи патент озод шаванд.

Шурӯъ аз 16 июни соли равон барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо иҷозатномаи кор ва патент фаъолияти меҳнатии худро амалӣ менамоянд, тибқи муқаррарот бо пардохти андозҳо барасмиятдарории санадҳои мазкур  ба роҳ монда шуд. Яъне, агар шумо дар дилхоҳ субъекти маъмурии Федратсияи Россия ҳастеду  бо кор машғул мебошед, ҳатман пули моҳонаи андози патентро тибқи меъёри пешбинишуда бояд супоред.

Дар сурате, ки шумо бинобар маҳдудиятҳо вобаста ба коронавирус дар авҷи пандемия ба кор машғул шуда натавонистед ё ки патент гирифта натавонистед, ҳеҷ боке нест, ин меъёри нав имкон медиҳад, ки дар асоси талаботи нав ҳанӯз аз 16 июн  шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор ва патент (тамдид намудан ё аз нав барасмиият даровардани ин ҳуҷҷатҳо), сарфи назар аз  қайди мақсади вуруд (цель въезда) дар корти муҳоҷиратӣ (одатан дар корти муҳоҷиратӣ мақсади вуруд «кор» (работа) нишон дода мешуд) метавонандд, ба марказҳои муҳоҷиратии ҳудуди иқомат барои гирифтани патент муроҷиат намуда,  патент гирифта қонунӣ бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик пайваста дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо марбут ба пешгирии паҳншавии короновирус, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, наметавонист ба вазъи будубоши муҳоҷирони меҳнатии мо дар хориҷи мамлакат бетаъсир монад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали паҳншавии сирояти короновирус бо мақсади муайян намудани вазъи воқеӣ ва саривақт андишидени тадбирҳои лозима бо вазорату идораҳои дахлдори Федератсияи Россия, намояндагиҳои расмии мамлакат дар кишвари иқомат ва намояндагони ташкилоту созмонҳои ҳамватанон мунтазам мулоқоту вохӯриҳо доир менамояд.  Зимни ин суҳбату  мулоқотҳо вазъи воқеии муҳоҷирони меҳнатӣ ва вобаста ба масъалаҳои дарёфти роҳҳои бартарафсозии онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дода мешаванд.

Дар давраи авҷи пандемия қисме аз ҳамватананони мо бинобар ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар баъзе мавридҳо аз ҷои кор ва музди меҳнат маҳрум монда буданд. Бо ташаббуси вазорат ва намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар кишвари иқомат ва аз ҷониби ҳамватанони саховатҷую саховатпеша ҷиҳати дастгирии шахсони эҳтиёҷманд ёрии моддию молиявӣ расонида шуд.

Таҳлили муроҷиатҳо нишон медиҳад, ки бинобар аз байн рафтани баъзе маҳдудиятҳо марбут ба тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар бозори меҳнати ФР талабот ба қувваи корӣ дар бахшҳои гуногун афзуда истодааст. Дар мулоқоти онлайние, ки дар моҳи сентябр Вазорат бо як қатор корфармоёни Россия доир намуд, корфармоён аз омодагии худ ҷиҳати қабули қувваи кории иловагӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор доштанд. Пӯшида нест, ки бо сабабҳои қатъ гаштани алоқаҳои доимии нақлиётию ҳавоӣ байни кишварҳо рафтуоӣ шаҳрвандон имконнопазир гардид ва ин омил ба раванди маъмулии бокортаъминшавии муҳоҷирон таъсири худро гузошт.

Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия бо сабабҳои гуногун бекор мондаанд ё худ дар дарёфти ҷои кор танқисӣ мекашанд, ба дафтари намояндагӣ ё кормандони дар минтақаҳо будаи он муроҷиат мекунанд ва мувофиқи қонунгузорӣ бо ҷои кор таъмин карда мешаванд. Фаъолияти меҳнатии муҳоҷир бояд, тавассути барасмиятдарории ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима ба роҳ монда шавад.

Аз ин рӯ, тибқи фармони нав, шаҳрванди хориҷӣ, ки дар ҳудуди Россия бояд бо патент ва пардохти моҳонаи андози он кор кунад.

Агар шумо кор накунед, гирифтани патент шарт нест ва дар асоси санади сабти ном, ба истилоҳ регистратсия, ки то 15 март соли равон ба расимият дароварда бошед ва он дар махзани маълумот (база данных)- и мақомоти дахлдор дар қайд бошад, бо ин ҳуҷҷат будубош намоед. Дар сурати доштани ин ҳуҷҷат намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми санҷиш нисбат ба  шумо ҳуқуқи андешидани чораи маъмурӣ надорад.

Зимни мулоқоте, ки байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуқли аҳолии ҶТ ва Вазорати корҳои дохилии Россия доир шуд, масъулини Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Россия вазъияти баамаломадаро имкони хуби қонунигардонии вазъи ҳуқуқӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ номид. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки бо сабабҳои гуногун то ин дам патент ба расмият надаровардааст, новобаста аз қайди мақсади вуруд ба ФР дар корти муҳоҷирати метавонад, соҳиби патент шавад ва бо ин будубоши худро дар ҳудуди Россия қонунӣ кунад.

Басташавии алоқаҳои нақлиёти заминию ҳавоии доимии байни кишварҳо дар кулли мамолики ҷаҳон ба раванди рафтуоӣ шаҳрванди мо, алалхусус ба Федератсияи Россия ва аз он ҷо ба Ватан, инчунин  дар масъали  интиқоли ҷасад  мушкилот пеш овард. Ҳазорҳо ҳамватанони мо, ки дар ин мавсим мехостанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд ва баръакс аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Россия бармегаштанд, аз сабаби қатъи алоқаи нақлиётӣ натавонистанд, ин корро анҷом бидиҳанд. Аммо роҳбарияти Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳалли  ин мушкилоти муҳоҷирон дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ҷониби Россия силсилаи парвозҳои чартериро аз шаҳрҳои гуногуни Россия ба Тоҷикистон амалӣ намуда истодааст, ки танҳо дар нимаи дуюми моҳи сентябр шумораи  ин парвозҳо аз 70 адад зиёд буд. Тавассути ин хатсайрҳо шахсони бемор, кӯҳансолон, модарони кӯдакдор, донишҷӯён, ҷасадҳои фавтидагон ва шахсони ҳамроҳӣ мекарда ба Ватан оварда мешаванд. Рӯйхати шаҳрвандони эҳтиёҷманд пешакӣ бо пешниҳоди санадҳои тасдиқкунанда дар Сафорат ва Консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия  ба қайд гирифта шуда, шаҳрвандон аз кассаҳои ҳавопаймоҳо худашон шахсан омада чипта харидорӣ мекунанд ва ба парвоз иҷозат дода мешаванд. Инчунин интиқоли ҷасад дар рейсҳои чартерӣ низ чун пештара ройгон аст. Зеро бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкатҳои ҳавоии ватанӣ муваззаф гардидаанд, ки ҷасади фавтидаи шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Федератсияи Россия ба Ватан ройгон интиқол диҳанд. Ин иқдоми Сарвари давлат, ки бештар аз 10 сол пеш роҳандозӣ шудааст, боз як нишонаи ғамхории роҳбарияти мамлакат нисбат ба муҳоҷирони тоҷик буда, таҷрибаи мазкур дар ҳудуди ИДМ бесобиқа аст. Ин кор дар кулли шаҳрҳои Федератсияи Россия, ки парвози ширкатҳои ватанӣ мустақиман амалӣ мегардад, ройгон роҳандозӣ шудааст. Наздикону пайвандони марҳум, танҳо хароҷоти сардхона ва ширкатҳои дафниро вобаста ба интиқол омода кардани ҷасад пардохт менамоянду халос.

Бояд гуфт, ки Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират  ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР мувофиқи низомномаи фаъолият дар интиқоли ҷасади ҳамватанон ягон масъулияту ӯҳдадорӣ ва кафолати молиявии пардохт ё ки нархгузории интиқоли ҷасади шаҳрвандонро надорад, яъне ба қавли дигар ба Намояндагӣ аз ҷониби ҳукумат ва дигар сохторҳои молиявӣ маблағ барои пардохти хароҷоти интиқоли ҷасадҳо пешбинӣ нашудааст. Намояндагӣ дар доираи салоҳияти худ ба наздикону пайвандони шахсони фавтида оид ба таҳияи  ҳуҷҷатҳои лозима машварату кумакҳои ҳуқуқӣ мерасонад. Чун ҳамаи дигар намудҳои машварату кӯмакҳо ин кор низ аз ҷониби Намояндагӣ бо мақсади додани маълумоти дақиқ, пешгирӣ намудани нофаҳмиҳо ва хароҷоти зиёд аз ҷониби наздикони шахсони фавтида ба ширкатҳои марбут ба маросимҳои дафнӣ ройгон амалӣ карда мешавад.

Ҳамватанони гиромӣ, Хукумати мамлакат ба масъалаи таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик, беҳдошти шароити будубошуш ва фаъолияти меҳнатии онҳо пайваста таваҷҷуҳи махсус  зохир менамояд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор кишварҳои хориҷӣ, бахусус бо Федератсияи Россия созишномаҳои байниҳукуматии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират ба тасвиб расонидааст, ки татбиқи онҳо асосан ба ҳалли масоили будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони мамлакат нигаронида шудааст. Дар асоси шартномаҳои дуҷониба таъсис ва ба роҳ мондани намояндагии расмии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират нишонаи бебаҳси таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба ҳалли масоили марбут ба будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷик мебошад. Дар навбати худ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуқли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитон дар Федератсияи Россия низ дар доираи салоҳияти ваколатҳои худ дар самти таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирон тоҷик дар самти дарёфти ҷойҳои муносиби корӣ, таҳияи санаду ҳуҷҷатҳои лозима, муносибатҳои меҳнати миёни корфармоёну коргарон дар кишвари иқомат саҳми худро мегузорад.

Бо мақсади саривақт огоҳ намудани навгониҳо дар меъёри қонунгузории кишвари иқомат дар соҳаи муҳоҷират дар манотиқи гуногун Федератсияи Россия пайваста миёни ҳамватанон вохӯрию мулоқотҳо доир менамояд, ки дар рафти онҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ маслиҳату машваратҳои лозима дода мешавад. Инчунин шаҳрвандони мо бевосита ёхуд тариқи телефонҳо бо дафтари Намояндагӣ тамос мегиранд ва барои ҳалли ин ё он мушкилоту нофаҳмӣ маслиҳату машварат мегиранд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли ин ё он масъала аз ҷониби Намояндагӣ чораҳои амалӣ андешида мешавад.

Октябрь 6, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд