Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо нозирони байналмилаллӣ

Октябрь 10, 2020 13:54

ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо гурӯҳи нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки таҳти роҳбарии Олег Мелниченко, ҷиҳати назорат аз рафти баргузории интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои пешазинтихоботӣ, баробарии имкониятҳои таблиғотии ҳизбҳо, истифодаи васоити иттилоотии давлатӣ, раванди корҳои омодагӣ  ҷиҳати баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ ва дигар масъалаҳои мубрами  рӯзро мавриди муҳокима қарор доданд.

Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки аӣни замон участкаҳои интихоботӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мебошанд.

Ҳамчунин бо мақсади мушоҳидаи интихобот, гузаронидани он дар шароити шаффоф ва ошкоро мушоҳидони байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.

Дар интиҳои мулоқот таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф, демократӣ ва бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор мегардад.

Бино ба маълмоти Комиссияи марказии интихобот ва раъӣпурсӣ (КМИР) то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони баӣналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мстақил, Созмони Ҳамкории Шанхаӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, кишварҳои Россия, Беларус, Қазоқистон  ва якчанд сафоратхонаҳои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шудаанд.

Октябрь 10, 2020 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд