ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст

Октябрь 7, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.    Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок  ва тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят баъзан борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 18+23  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони суст меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 11+16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 4+9 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3+8  ва рӯзона 14 +19 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7 ва  рӯзона 23+25 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 7, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад