ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон номусоидии вазъи обу ҳаво дар назар аст

Октябрь 23, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  23-24 октябр дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар бештари ноҳияҳо асосан ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водигӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва  дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 16+21  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйиёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2200 метр барф  меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм  ва рӯзона 8+13 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона 13+15 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 23, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд