ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар вилояти Хатлон ҳарорат ба 21+26 дараҷа мерасад

Октябрь 16, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 16.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, ҳарорат дар вилояти Хатлон ба 21+26 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1+6 ва рӯзона 16+21  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда ва дар  баъзе ноҳияҳо камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда ва  дар баъзе ҳолатҳо камабри бебориш мешавад.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 17 +22 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои  камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 16, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид