«Оила — рукни муҳими пойдории ҷомеа» — таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2020/АМИТ «Ховар»/. «Оила — рукни муҳими пойдории ҷомеа» — таҳти чунин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷиби асолати оиласолорӣ ва ҳифзи ифтихор ба муқаддасоти оиладорӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар ҳамоиш ноиби Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова, собиқадори ҲХДТ ва соҳаи хизмати давлатӣ Марҳабо Ҷабборӣ, инчунин донишҷӯёну магистрантон иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки оила рукни муҳими пойдори ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин радиф пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ месозад. Таъкид гардид, ки оила дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Танзими оила, пеш аз ҳама, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин тарбияи насли солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад.
Зикр шуд, ки пеш аз ҳама, маърифати оиладориро миёни ҷавонону навхонадорон бояд баланд бардошт. Аҳли ҷомеа, бахусус пирони таҷрибаандӯхтаву рӯзгордида, аҳли зиё, омӯзгорон ва доираҳои дигари ҷомеа бо мақсади омода кардани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии пошхӯрии оилаҳо, никоҳи хешутаборӣ корҳои тарбиявию таблиғотиро дар байни аҳолӣ бояд васеъ ба роҳ монанд. Волидон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба тарбияи фарзандони худ, беш аз ҳарвақта эътибори ҷиддӣ диҳанд, маърифати оиладорӣ, маданияту одоби муошират омӯзонанд, то онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии худ ба давлати пешрафта ва шукуфо табдил диҳанд.
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти пешгири пошхӯрии оилаҳои ҷавон пайваста бо оилаҳои осебпазир суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳад. Инчунин ба муроҷиаткунандагону ҷабрдидагон пайваста маслиҳатҳои равонию ҳуқуқии ройгон мерасонад ва онҳоро зери назорати доимӣ қарор медиҳад. Ҳамчунин дар назди раёсат ҳуҷраи равоншиносону ҳуқуқдонҳо фаъолият намуда, ҳамарӯза ба шаҳрвандон ёрии амалӣ расонда истодааст.
Гузаронидани чунин ҷамъомадҳо, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, либоспӯшии ҷавондухтарон, эҳёи суннатҳои миллии аҷдодӣ, пешгирӣ аз никоҳи барвақтӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ҷилавгирии ҷавонон аз шомил шудан ба равияҳои номатлуб ва ҳаракатҳои тундгаро мусоидат менамояд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






