Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Октябрь 12, 2020 12:14

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ӯзбекистони дӯст Пешвои миллатро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил ба муносибати аз нав интихоб гардиданашон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимонаю бародарона табрик гуфта, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуданд.

Дар ин зимн муҳтарам Шавкат Мирзиёев хизматҳои шоистаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди мардуми сарбаланди Тоҷикистон таъкид карданд.

Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити  дустӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки  пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд, ба таври хосса таъкид намуданд.

Дар рафти суҳбат Президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Октябрь 12, 2020 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд