СММ ҷиҳати беҳбуди зерсохтори нақлиёти автомобилии Тоҷикистон кумак мекунад

Октябрь 7, 2020 11:49

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар/. Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Сезин Синаноглу дар мулоқоти бо Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим аз тариқи конфронси видеоӣ, ки 2 октябр баргузор шуд, иттилоъ дод, ки СММ ҳоло Стратегияи нави ҳамкориро бо ҷумҳурӣ таҳия менамояд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди долонҳои нақлиётии  минтақа, ҷорӣ намудани системаҳои минтақавии нақлиёти рақамӣ ва амниятиро баррасӣ намуданд. Дар идомаи суҳбат Сезин Синаноглу гуфт, ки СММ ҳоло Стратегияи нави ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия мекунад, ки ҳадафи он ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди долонҳои нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ ва рақамисозии роҳҳо мебошад.

Азим Иброҳим омодагии худро ҷиҳати омӯзиши  Стратегияи пешниҳодшуда ва танзими ҳамкории мутақобилаи судманд бо СММ иброз намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои соли 1992 узви баробарҳуқуқи СММ гардид. Дар ин муддат СММ ба ҷумҳурӣ беш аз ним миллиард доллар дар шакли грант додааст. Ин пулҳо барои рушди иқтидорҳо, сохторҳо ва рушди башарӣ, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, рушди идоракунӣ ва ҳифзи муҳити зист масраф мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 7, 2020 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд