Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон имсол 35,4 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст

Октябрь 29, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 29.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз аввали сол то аввали даҳаи сеюми моҳи октябри соли равон 41,7 фоиз ё 35,4 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Аз Тоҷикистон то 21 октябр ба хориҷа беш аз 120,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи зиёда аз 17,1 миллион доллар бароварда шудааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 35,4 ҳазор тонна ё 41,7 фоиз зиёдтар арзиш дорад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ин давра беш аз 90,8 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 90,2 ҳазор тонна пиёз, 12,1 ҳазор тонна мева, 95 тонна харбуза, зиёда аз 15,4 тонна меваи хушк ва 1,9 ҳазор тонна дигар навъҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содир шудаанд.

Инчунин то 23 октябри соли равон дар мамлакат 243,2 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (217 ҳазору 13 тонна) беш аз 93,8 тонна зиёд аст.

То имрӯз беш аз 91 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки 31,1 ҳазор тоннааш ба вилояти Суғд, беш аз 26,7 ҳазор тонна ба вилояти Хатлон ва 35,9 ҳазор тонна ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Октябрь 29, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид