Судяҳои минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба ВНМО, ҳуқуқи инсон ва қонунгузориро баррасӣ намуданд

Октябрь 15, 2020 14:56

ДУШАНБЕ, 15.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  дар ҷаҳон беш аз  35 миллион  нафар шахсон бо Вируси норасоии масунияти одам  (ВНМО) расман ба қайд гирифта шудаанд. Ин нукта дар  ҷаласаи дуюми Форуми судяҳои  минтақаи Аврупои  Шарқӣ ва Осиёи  Марказӣ оид ба Вируси норасоии масунияти одам, ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ, ки имрӯз дар Душанбе тариқи онлайн гузаронида шуд, зикр гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форум аз ҷониби Суди Олӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон созмон дода шуд.

Дар Форум судяҳои Суди Олӣ, судяҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, аъзои Комиссияи глобалӣ оид ба Вируси норасоии масунияти одам ва қонунгузорӣ, судяҳои  минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, коршиносони соҳаи тандурустӣ, намояндагони Барномаи рушди СММ, Барномаи муштараки СММ оид ба бемории пайдошудаи  норасоии масуният   ва Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Эъломияи  соли 2001 оид ба мубориза  бар зидди Вируси  норасоии  масунияти   одам ва бемории пайдошудаи  норасоии  масуният, инчунин  ба Эъломияи  сисёсии соли 2016  оид ба Вируси норасоии масуният ҳамроҳ шуд ва дар доираи ин ҳуҷҷатҳо  чораҳои  зарурӣ ҳуқуқӣ, моддию техникӣ  ва тиббиро амалӣ гардонида истодааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 25 феврали соли  2017 Барномаи миллии мубориза  бо эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020 қабул гардид, ки дар он яке аз ҳадафҳои   стратегӣ- фароҳам овардани шароити  мусоид барои  муолиҷаи  нафарони гирифтори  Вируси норасоии масунияти одам ва мубориза бо табъиз, аз ҷумла ислоҳоти  ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст.

Фаъолияти мақомоти судӣ  ба қабули қарорҳои  қонунӣ ва асоснок равона шудааст, ки бевосита ба ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои шахсони мубталои  Вируси норасоии масунияти одам  мусоидат менамояд.

Дар Форум  маълумоти  охирини  илмӣ-тиббӣ ва эпидемиологӣ, дастурҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, меъёрҳои дахлдори  ҳуқуқӣ  дар сатҳи  миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалие, ки  дар ин самт қабул шудаанд, инчунин таҷрибаи судӣ баррасӣ гардиданд.

Форуми минтақавии судяҳои  Аврупои Шарқӣ ва Осиёи  Марказӣ  то 16 октябр идома ёфта, дар он қадамҳои минбаъда оид ба гузаронидани ҷаласаи  навбатии Форум  ва ташкили мубодилаи доимии иттилоот, таҷриба ва дониш баррасӣ мегардад.

Октябрь 15, 2020 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд