Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти адлия дар Кӯлоб: волидайн вазифадоранд барои фарзандонашон номи зебо гузоранд
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия ба даҳ нафар кӯдакони навзоди таваллудхонаи шаҳрии №2 ва зоишгоҳи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб шаҳодатномаҳои таваллуд супорида, ба ин тифлакон якададӣ кӯрпаҳои бачагона низ туҳфа карданд. Дар ин бора аз бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар маросими тантанавии супоридани шаҳодатномаҳои таваллуд муовини раиси шаҳри Кӯлоб Дилбар Одилзода ва мудири бахши мазкур Мумина Иброҳимзода модарони ҷавонро бо ин рўзи муборак табрик намуда, ба онҳо дар тарбияи дурусти фарзандон комёбиҳо таманно намуданд.
Мудири бахш Мумина Иброҳимзода бо истифода аз фурсати муносиб ба модарони ҷавон маълумот дод, ки «волидайн вазифадоранд дар муҳлати муқарраршуда, яъне, то 3-моҳа шудани кӯдак (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд») барои фарзандонашон шаҳодатномаи таваллуд дастрас намоянд. Барои навзодонашон номи зебо гузоранд ва аз пасвандҳои насабсози тоҷикӣ, ки дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” оварда шудаанд, ба мисли -зод, -зода, -ёр,-ниё, -пур, духт, -фар, -ӣ ё бе иловаи чунин пасвандҳо истифода намоянд».
Мудири бахш ҳамчунин таъкид намуд, ки модарони тифлакони навзод танзими анъана ва ҷашну маросимро риоя намоянд ва аз маъракаҳо, аз қабили мӯисаргирон, гаҳворабандон, тӯйи хатнасур худдорӣ намоянд.
-Маблағҳоро барои инкишофи зеҳнию ҷисмонӣ ва саломатии фарзандонатон сарф намоед, на барои маъракаҳои аз манфиат холӣ,- таъкид намуд Муъмина Иброҳимзода.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи октябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид дар мамлакат Рӯзи мақомоти адлия ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин сана имсол ба 11 октябр рост омад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






