Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2020 17:56

ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Сербия Ҷаноби Олӣ Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Ҷаноби Олӣ Нгуен Фу Чонг барқияҳои табрикӣ ворид гардиданд.

Дар номаи табрикотии Президенти Сербия, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон бо беҳтарин таманниёти баҳри рифоҳи кишваратон ва ҳамаи шаҳрвандони он идома додани ин вазифаи сермасъул самимона табрик менамоям. Мутмаинам, ки саҳми шахсии Шумо дар муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон ба беҳтар намудани робитаҳоямон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, мусоидат хоҳад кард».

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар барқияи табрикотии худ чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ветнам, инчунин шахсан аз номи худам мехоҳам ба Шумо самимонатарин ва гармтарин таманниётро ба муносибати аз нав ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон иброз намоям.

Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ ва хушнудӣ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар ҷодаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини суботи зиндагии мардум менигарад. Бовар дорам, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Шумо минбаъд низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад ва дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳанд ёфт.

Ин фурсатро ғанимат шумурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ таманниёти сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо дар татбиқи нақшаҳои наҷибатон орзумандам».

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Октябрь 20, 2020 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд