Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.
Шоҳи Нидерланд Уилям Александр зимни табрикоти худ овардааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Иҷозат фармоед, Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гӯям.
Ман бесаброна интизори идомаи кори муштаракамон дар мавриди рӯзномаи ҷаҳонии об, аз ҷумла ба ҳайси ташкилкунандагони Конференсияи Даҳсолаи захираҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ҳастам. Конференсияи мазкур ҷиҳати ба сатҳи бештар баландтар баровардани вазифаҳои хусусияти ҷаҳонидошта, барқарории муносиботи шарикии нав ва фановарӣ, дастгирии амалҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои умумиҷаҳонии мо нисбати захираҳои об, имконияти нодирро фароҳам меоварад.
Итминон дорам, ки муносиботи созандаи байни кишварҳои мо минбаъд низ бар манфиату шукуфоии мардумони мо рушд хоҳанд ёфт».
Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, чунин омадааст:
«Ҷаноби Президент,
Ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Сарвари давлати Тоҷикистон мехостам ба Шумо бо таманниёти беҳтарини муваффақиятҳо дар иҷрои ваколатҳои ҷадидатон муроҷиат намоям.
Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Париж, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам.
Ман, ҳамчунин, мехоҳам дастгирии Франсияро аз талошҳои Шумо ҷиҳати таъмини суботи минтақа, инчунин рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва инсонии он таъкид намоям. Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии “5+1”, ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд.
Ҷаноби Президент, изҳори эҳтиромоти фоиқаи ин ҷонибро қабул фармоед».
Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд






