Танзими ҳуқуқии рақамисозии мурофиаи судӣ дар ҷаласаи XV раисони Судҳои Олии давлатҳои СҲШ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи XV раисони Судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раисии Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон ба таври онлайн баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои Судҳои Олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, инчунин Котиби Генералии Созмони ҳамкории Шанхай, намояндаи махсус ва ҳамоҳангсози САҲА, намояндагони давлатҳои нозир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи барнома, дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба нақши судҳо дар таъмини арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули иҷтимою иқтисодии давлатҳо, инчунин ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ дар давраи пандемияи ҷаҳонии (глобалии) COVID-19, пешгирӣ ва назорати паҳншавии он, принсипҳо, афзалиятнокӣ, танзими ҳуқуқии рақамисозии мурофиаи судӣ, гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ, рушди мурофиаҳои маъмурӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ дар судҳо, таҷрибаи баррасии парвандаҳо дар бораи маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа раисон, судяҳои Судҳои Олӣ сухан карда, андешаҳои худро оид ба муҳимияти масъалаҳои баррасишаванда, қонунгузории кишвари худ, таҷрибаи судӣ ва роҳҳои минбаъдаи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ иброз намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа изҳороти муштараки раисони Судҳои Олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардид. Тибқи он дар назар дошта шудааст, ки минбаъд низ ҳамкории судманд байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо идома дода шавад.
Баргузории ҷаласаҳои мазкур ва ҳамкории сарони мақомоти олии судии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими робитаи байни Судҳои Олии давлатҳои аъзо имкон дода, ба шиносоӣ пайдо кардан аз таҷрибаи судӣ, раванди ислоҳоти судию ҳуқуқии ҳамдигар ва рушди қонунгузории миллии кишварҳои аъзо мусоидат менамоянд.









Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






