Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми вазирони кишварҳои узви СҲШ оид ба соҳаи кишоварзӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр ҷаласаи 5-уми вазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба соҳаи кишоварзӣ тариқи онлайн доир гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур вазири кишоварзии Федератсияи Россия, вазири кишоварзӣ ва некӯаҳволии деҳқонони Ҷумҳурии Ҳиндустон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва мелиоратсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, вазири амнияти миллии озуқаворӣ ва таҳқиқоти Ҷумҳурии Исломии Покистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Шералӣ Сайдамир, муовини директори генералии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) — Намояндаи минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Владимир Олегович Рахманин иштирок намуданд.
Дар ҷаласа доир ба таъсири пандемияи коронавируси Covid-19 ба соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли хӯрокворӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин робита аз ҷониби вазирон оид ба соҳаҳои умедбахши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар платформаи СҲШ пешниҳодҳо манзур шуд.
Бо дарназардошти Оинномаи СҲШ соли 2002, Созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар соли 2010 ва дигар ҳуҷҷатҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.
Дар охир сарони ҳайатҳо нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ намуданд, ки он дар бораи иҷрои Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






