Вазири рушди иқтисод ва савдо масъалаҳои баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми деҳотро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 16.10.2020 / АМИТ «Ховар» /. Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо директори кишварии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Майкл Каутту тавассути видеоконференсия мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар доираи мулоқот ҷонибҳо татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар асоси ҷомеа — марҳилаи II» -ро, ки аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд маблағгузорӣ мешавад, муҳокима карданд.
Зикр гардид, ки вазифаҳои асосии лоиҳа таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми деҳот, дастгирии татбиқи ислоҳоти кишоварзӣ, мусоидат ба «иқтисоди сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон диққати Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистонро ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар мамлакат, алахусус ҳолатҳои фавқулода, обхезӣ, ярч ва паҳншавии малах ҷалб намуда, зикр кард, ки чунин падидаҳо бештар дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба назар мерасанд.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода пешниҳод кард, ки рушди «иқтисоди сабз» ва минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи минтақаҳои соҳилӣ ва кумаки техникӣ дар лоиҳа ба назар гирифта шаванд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои фарогирии ҳамаҷонибаи ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






