Вазирони молияи кишварҳои узви Бонки ҷаҳонӣ масъалаи сармоягузорӣ ба захираҳои инсониро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ»- таҳти чунин унвон ҷаласаи сатҳи баланди солонаи вазирони молияи кишварҳои узви Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки дар он дар радифи вазирони беш аз 70 кишвари ҷаҳон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода низ тавассути видеоконфронс иштирок намуд.
Аз Раёсати котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа намояндагони сатҳи олӣ, аз ҷумла Президенти Бонки ҷаҳонӣ Девид Малпас, шарикони рушд, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва вазирони молияи давлатҳои аъзои Бонки ҷаҳонӣ ширкат доштанд.
Президенти Бонки ҷаҳонӣ Девид Малпас зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр кард, ки ҷорӣ гардидани ташаббуси «захираҳои инсонӣ» аз соли 2018 инҷониб ба ҷараёни ҳимоя ва рушди глобалии ин раванд такони тоза бахшид. Иқдоми мазкур алалхусус дар шароити кунунии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 хеле саривақтӣ ва самаранок арзёбӣ гардид. Барои рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва созмону кишварҳои шарикони рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.
Дар интиҳои ҷаласа масъалаи мобилизатсияи захираҳои инсонӣ дар вазъи душвори молиявии кишварҳои аъзои Бонки ҷаҳонӣ, маблағгузории самарабахши самти мазкур ва таъмини аҳолии осебпазир бо ҳамаи хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ гардид.








Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид






