Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон: масъалаи ташкили се парвози чартерӣ дар самти «Душанбе — Алмаато — Душанбе» ҳамоҳанг мешавад
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бозгардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намудааст, ки ширкати ватании ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири «Душанбе — Алмаато — Душанбе» 12, 19 ва 27 октябри соли 2020 парвозҳои чартерӣ ташкил намояд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, парвозҳои чартерӣ ҷиҳати бозгардонидани шаҳрвандони кишвар баробари мувофиқа намудани онҳо бо мақомоти Қазоқистон сурат хоҳанд гирифт.
Хотиррасон менамоем, ки шаҳрвандоне, ки ба Ватан бозмегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар хусуси мубталои коронавирус (COVID-19) набуданашон, ки дар натиҷаи санҷиши тестӣ бо усули таомули занҷирии полимеразӣ (ТЗП) на дертар аз 96 соат (4 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола маълумотнома пешниҳод намекунанд.








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






