Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон: масъалаи ташкили се парвози чартерӣ дар самти «Душанбе — Алмаато — Душанбе» ҳамоҳанг мешавад

Октябрь 9, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади бозгардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намудааст, ки ширкати ватании ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири «Душанбе — Алмаато — Душанбе» 12, 19 ва 27 октябри соли  2020 парвозҳои чартерӣ ташкил намояд.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, парвозҳои чартерӣ ҷиҳати бозгардонидани шаҳрвандони кишвар баробари мувофиқа намудани онҳо бо мақомоти Қазоқистон сурат хоҳанд гирифт.

Хотиррасон менамоем, ки шаҳрвандоне, ки ба Ватан бозмегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар хусуси мубталои коронавирус (COVID-19) набуданашон, ки дар натиҷаи санҷиши тестӣ бо усули таомули занҷирии полимеразӣ (ТЗП) на дертар аз 96 соат (4 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола маълумотнома пешниҳод намекунанд.

 

Октябрь 9, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Дар Корея аз иқдомҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкӣ ёдовар шуданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венесуэла баргузор шуд