ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ИСРОИЛ: хабари нашршуда дар бораи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ асоси воқеӣ надорад
ДУШАНБЕ, 03.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр шудани хабар, ки гӯё дар Маркази тиббии Ҳертслияи Давлати Исроил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дармон ёфтааст, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд бо дипломатҳои Сафорати Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар тамос шуда, таваҷҷуҳи ҷониби исроилиро ба интишори хабари бардурӯғи мазкур ҷалб кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар посух дипломатҳои исроилӣ иттилоъ доданд, ки Вазорати тандурустии Исроил расман аз пулиси кишвар ва шабакаи иттилоотии Твиттер талаб намудааст, ки пайдоиш ва манбаи хабари мазкурро оҷилан муайян кунанд. Гузашта аз ин, Вазорати мазкур дар натиҷаи санҷиши дохилии худ муайян намудааст, ки хабари нашршуда асоси воқеӣ надорад.
Мудири кулли Маркази тиббии Ҳертселия Дани Энгел, ки хабари мазкур аз номи ӯ дар Твиттер нашр шудааст, ба Вазорати тандурустии Исроил таъкид кардааст, ки ҳаргиз чунин хабареро нашр накардааст ва ҳисобе, ки дар Твиттер ба номи ӯ буда, хабари мазкур дар он гузошта шудааст, дар асл аз ӯ нест ва қалбакист.
Дар робита ба мавзӯъ Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ эҳтироман даъват менамояд, ки пеш аз мунташир намудани ҳар гуна хабар дурустии онро бисанҷанд, то масъули паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ нашаванд.








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






