Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию метод оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию метод оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар кори ҷаласа иҷрокунандаи сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон Ҳасан Назарзода ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷро намудани санадҳои судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, андоз, ситонидани алимент, кӯчонидан ва маскун намудан дар манзилҳои истиқоматӣ маълумот дода, ба тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла баргузории машварату вохӯриҳо ва таҳияи намоишҳои телевизионӣ таъкид намуд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Диловаршоҳ Исозода вобаста ба вазъу ҳолати аз мактаб дур мондани хонандагон ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, инчунин гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи шаҳрванд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш дод.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки дар 8 моҳи имсол беш аз се ҳазор мавриди иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар вобаста ба таълим ва тарбияи ноболиғон ошкор гардидааст, ки ин ҳолат тавишовар буда, миёни волидайни мактаббачаҳо бояд корҳои ташвиқу тарғиб вусъат дода шаванд.








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






