«Забон — ҳастии миллат». Таҳти ин унвон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ зери унвони «Забон – ҳастии миллат» бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Зикр шуд, ки насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.
-Акнун вазифаи ворисони забон он аст, ки,-гуфта шуд дар ҳамоиш,- ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
Тазаккур дода шуд, ки имрӯз нақши забони давлатӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ бузург мебошад. Аз ҷумла, роҳбаладон, ки ҳамеша бо ҷаҳонгардон сайр мекунанд, дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ бояд аз таъриху фарҳанг ва нозукиҳои забони халқи худ бохабар бошанд. Зеро сайёҳон маҳз тавассути онҳо дар бораи Тоҷикистон тасаввурот пайдо мекунанд. Бардошти сайёҳон аз бисёр ҷиҳат аз роҳбаладон вобаста аст.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким оид ба нақши забони давлатӣ дар ташаккули фарҳанги миллӣ сухан ронда, аз вазъи таърихӣ ва баъдан дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои марбут ба рушду густариши забон ёдовар шуд.
Дар ҳамоиш мудири шуъбаи экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Мавҷигул Давлатшоева атрофи рушди забоншиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан гуфт.
Дар фарҷоми ҳамоиш изҳор гардид, ки «мо маҳз тавассути сарҷамъӣ ва ҳифзи беолоиши забони тоҷикӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён мебошад, бояд пояҳои давлату давлатдории мустақилонаи худро боз ҳам мустаҳкам карда, ҷойгоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда расонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоиста пайдо кунем».








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






