21 нафар иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Мо ҷонибдори ҳаёти бехатар дар рӯи Замин ҳастем» қадрдонӣ шуданд

Ноябрь 13, 2020 09:14

ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии рассомии кӯдакон таҳти унвони «Мо ҷонибдори ҳаёти бехатар дар рӯи Замин ҳастем» ҷамъбаст гардида, 21 нафар иштирокчиёни он бо диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.  Озмуни мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» ва бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ, Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, давоми як моҳ кӯдакон ва наврасон расмҳои худро ба телевизиони «Баҳористон» фиристоданд, ки дар он ҷо аъзои ҳакамон наққошиҳои фиристодашударо баррасӣ ва ғолибонро муайян намуданд.

Дар озмуни мазкур 450 нафар кӯдакон ва наврасони аз 5 то 16-сола иштирок намуданд. Онҳо дар мавзӯъҳои офатҳои табиӣ, рафтори бехатар дар ҳолатҳои гуногун, инчунин дар мавриди коронавирус расмҳои худро пешниҳод намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмун муайян кардани шахси соҳибистеъдод миёни кӯдакону наврасон ва омӯхтани асосҳои рафтори бехатар дар ҳолатҳои гуногуни фавқулода тавассути кори эҷодӣ мебошад.

Ноябрь 13, 2020 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид