60 нафар кормандони милитсия бо нишони сарисинагии «Аълочии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид. Зимни он 20 нафар кормандони Хадамоти мазкур барои хизматҳои шоён дар мақомоти корҳои дохилӣ бо нишони сарисинагии «Аълочии милитсия», медалҳои «Садоқат», «Милитсияи тоҷик», «Хизмати шоён», дараҷаҳои 1, 2 ва 3, «Сипоснома» ва «Ифтихорнома» қадрдонӣ гардиданд. Инчунин 60 нафар кормандони ниҳод бо нишони сарисинагии «Аълочии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза», полковники милитсия Анварҷон Ализода зикр дошт, ки маҳз матонату устуворӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии кормандони милитсия дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, сулҳу осоиш ва амнияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ буд, ки ин санаи таърихӣ ҳоло бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ҳангоми баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, муҳофизати иншооти муҳим ва махсусан муҳим, таъмини волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандон шабонарӯзӣ хизмат менамоянд.
Кормандони милитсия дар мубориза бо дастаҳои муташаккили ҷинояткор, гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва нашъаҷаллоб фаъолнокӣ нишон дода, дар таъмини волоияти қонун ва ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.
Сардори хадамот бо боварӣ изҳор намуд, ки ҳайати шахсии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» минбаъд низ масъулияти вазифавии хешро бо сарбаландӣ иҷро намуда, уҳдадориҳои хизматиро содиқона ба ҷо меоранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






