Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Темурмалик шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Темурмалик сафари корӣ анҷом доданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҷараёни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар ҷамоати деҳоти «Кангурт» боздид ба амал оварда шуд.
Тибқи иттилои масъулин, иншооти мазкур барои 500 нафар тамошобин ба истифода дода мешавад. Имрӯз ба сохтмони он 80 нафар бинокору меъмор ҷалб гардида, айни замон дар иншоот корҳои пардозгарӣ ҷараён доранд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар аз корхонаи истеҳсоли сангу шағал дар деҳаи Даҳани намак дидан намуданд. Ин корхона ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Файзи Шакур» бунёд мегардад.
Тавре сармуҳосиби корхонаи мазкур Музаффар Ҳошимов иброз дошт, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 100-120 метри мукааб мебошад. Дар ин иншоот 15 нафар коргар фаъолият доранд, ки баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ба гуфти масъулин, таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб шудаанд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз Мактаб-интернати давлатии наздимактабии Кангурт дидан карданд, ки он ҷо 121 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи шабонарӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин ҷо ба ҳамаи тарбиятгирандагон либосҳои гарми зимистона тақдим шуда, барои онҳо дастархони идона ороста шуд.
Дар деҳаи Оби ширини ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкор Зайниддин Аслов маркази хизматрасонӣ иборат аз ҳаммом, ҳавзи шиноварӣ, сехи истеҳсоли макарон бунёд гардида истодааст. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ ба маблағи 730 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои 15 нафар ҷой ва шароити корӣ муҳайё мегардад.
Инчунин дар ноҳия дар назди Мактаб-интернати давлатии Кангурт аз ҳисоби маблағҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгоҳ ва толори варзишӣ бунёд гардида истодаанд. Дар ин иншоот айни замон ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, дар ин самт корҳои дигари пардозгарӣ идома доранд. Муҳлати ба истифода додани иншооти номбурда дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.












Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид






