Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Темурмалик шинос шуданд

Ноябрь 23, 2020 15:12

ДУШАНБЕ, 23.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Темурмалик сафари корӣ анҷом доданд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар ҷамоати деҳоти «Кангурт» боздид ба амал оварда шуд.

Тибқи иттилои масъулин, иншооти мазкур барои 500 нафар тамошобин ба истифода дода мешавад. Имрӯз ба сохтмони он 80 нафар бинокору меъмор ҷалб гардида, айни замон дар иншоот корҳои пардозгарӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафар аз корхонаи истеҳсоли сангу шағал дар деҳаи Даҳани намак дидан намуданд. Ин корхона ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ аз тарафи ҶДММ «Файзи Шакур» бунёд мегардад.

Тавре сармуҳосиби корхонаи мазкур Музаффар Ҳошимов иброз дошт,  иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз  100-120 метри мукааб мебошад. Дар ин иншоот 15 нафар коргар фаъолият доранд, ки баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ба гуфти масъулин, таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб шудаанд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ аз Мактаб-интернати давлатии наздимактабии Кангурт дидан карданд, ки он ҷо 121 нафар кӯдак ба таълиму тарбияи шабонарӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин ҷо ба ҳамаи тарбиятгирандагон либосҳои гарми зимистона тақдим шуда, барои онҳо дастархони идона ороста шуд.

Дар деҳаи Оби ширини ноҳияи Темурмалик аз ҷониби соҳибкор Зайниддин Аслов маркази хизматрасонӣ иборат аз ҳаммом, ҳавзи шиноварӣ, сехи истеҳсоли макарон бунёд гардида истодааст. Айни замон дар иншооти мазкур корҳои сохтмонӣ ба маблағи 730 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур барои 15 нафар ҷой ва шароити корӣ муҳайё мегардад.

Инчунин дар ноҳия дар назди Мактаб-интернати давлатии Кангурт  аз ҳисоби маблағҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгоҳ ва толори варзишӣ бунёд гардида истодаанд. Дар ин иншоот айни замон ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, дар ин самт корҳои дигари пардозгарӣ идома доранд. Муҳлати ба истифода додани иншооти номбурда дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ноябрь 23, 2020 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба 22 кишвари ҷаҳон содирот мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 4-уми сатҳи баланд оид ба маблағгузории рушди устувор дар Испания иштирок намуд
Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Арабистони Саудӣ Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуд
НАМОИШГОҲИ ҶАҲОНИИ EXPO-2025. Ҳамарӯза Гӯшаи Тоҷикистонро 25 ҳазор нафар тамошо менамояд
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба як миллиард сомонӣ расид
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар ноҳияи Ёвон беш аз 22 ҳазор тонна маҳсулоти ғаладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расид»