Абдуҷаббор Раҳмонзода дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон масъалаи рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷикро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 06.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, инчунин дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ таҷлил намудани тантанаҳои ҷашнҳои таърихию сиёсӣ вохӯрии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷҷабор Раҳмонзода бо аҳли эҷод – аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик баррасӣ гардида, аз ҷониби Абдуҷҷабор Раҳмонзода вобаста ба ташаккули раванди нерӯи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави композиторӣ ва иҷрокунандагӣ, рушди санъати мусиқии касбии миллӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули ҷанбаи дунявии фарҳанги мусиқии муосири тоҷикон вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри татбиқи имкониятҳои эҷодии композиторони ҷавон, беҳтар гардонидани сифат ва самараи фаъолияти таълимӣ ва ҳавасмандгардонии нерӯи эҷодӣ ба масъулини соҳа дастур дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни суруду оҳанги беҳтарин таҳти унвони «Навои Истиқлол» роҳандозӣ мегардад.
Дар вохӯрии мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид низ ширкат доштанд.
АКС аз бойгонӣ








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






