Ҳавои номусоиди боронӣ дар Тоҷикистон то 15 ноябр идома меёбад
ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои номусоид ва бориши борон то 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон идома ёфта, дар баландкӯҳҳо, махсусан дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр борон ба барфи тар табдил меёбад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Шабонарӯзи наздик эҳтимол дорад, ки бориши шиддатнок дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ сабаби ба вуҷуд омадани сел гардад.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки худро аз сардиҳо ва сироятёбӣ аз ҳар гуна бемориҳо ҳифз намуда, либоси гарм пӯшанд. Инчунин дар ин рӯзҳо ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ҳушёр бошанд. Хусусан ронандагон бо ҷиддият муносибат намуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро пурра риоя намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки барфи таре, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ дар назар дошта шудааст, метавонад ба симчӯбҳои интиқоли барқи роҳҳо таъсир расонад ва дар баъзе минтақаҳо эҳтимоли канда шудани хатҳои баландшиддати барқ вуҷуд дорад. Аз ин хотир аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ боэҳтиёт бошанд.








Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






