Аз 10 то 12 ноябр дар Тоҷикистон баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 то нимаи 12 ноябр дар ҷумҳурӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), Рм-10 (заррачаҳои андозаашон 10мкр) ва Рм-2,5 (заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр) боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо боришҳои шадид дар водиҳо дар назар буда, дар баландкӯҳҳо борон ба барфи тар табдил меёбад.
Аз ин рӯ ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кўчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Зеро ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кўдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ин рӯзҳо дар роҳҳои Душанбе — Айнӣ, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат — Рашт — Лахш — Карамиқ, Ш. Шоҳин — Дарвоз, Ванҷ — Хоруғ — Ишкошим эҳтимоли яхбандӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошинҳои худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз кунанд. Ба мошинҳои боркаш тавсия дода мешавад, ки занҷирҳои зидди лағжиш бо худ дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат миёни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳиро огоҳ мекунад, ки ин сардиҳо метавонанд ба зироати кишоварзӣ таҳдид кунанд. Аз ин рӯ сокинон ҳосили пухтарасидаро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, он бахши ҳосилро, ки ҳоло хом буда, бояд муддате дар замин бимонад, бо масолеҳи пластикӣ ё пахол пӯшонанд ва аз сармо ҳифз кунанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






