Ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Тюмен бо мусоидати Консулгарӣ шиносномаҳои биометрии хориҷии умумишаҳрвандӣ доданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаҳои биометрии хориҷии умумишаҳрвандӣ таҳияшуда дода шуда, инчунин маводи иттилоотии дахлдор барои дар оянда омода намудани шиносномаҳои нави хориҷӣ дар Тюмен таҳия гардид, хабар медиҳад маркази матбуоти Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург.
6-8 ноябр як гурӯҳи кормандони консулгарӣ бо супориши Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург Зафар Сайидзода соатҳои тӯлонӣ тоҷикистониҳоро қабул намуданд.
Теъдоди зиёди одамоне, ки мехоҳанд тавассути парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Екатеринбург ба Душанбе парвоз кунанд, ба навбат гузошта шуд.
Ба туфайли қабули дурӯза бисёр ҳамватанон тавонистанд маблағи зиёдеро сарфа кунанд, дар акси ҳол онҳо ин маблағҳоро барои сафар аз Тюмен ба Екатеринбург ва бозгашт ба Тюмен сарф мекарданд.
«Тадбирҳои андешидашуда имкон доданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз қаллобон, аз ҷумлаи «миёнаравҳо» раҳо ёбанд. Ҳама корҳо бо кумаки фаъол ва салоҳиятноки роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии тоҷикон Абдулло Каримов сурат гирифтанд», — зикр мекунад манбаъ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






