«Чандрасонаӣ дар ВАО-и муосир»-машғулияти омӯзишӣ барои намояндагони ВАО
ДУШАНБЕ, 22.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз даҳ нафар кормандони ВАО-и Тоҷикистон зарфи чор рӯз дар машғулияти омӯзишии «Чандрасонаӣ дар ВАО-и муосир», ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ташкил гардид, ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Зимни машғулият шунавандагон ба таври амалӣ ва назариявӣ бо интихоби мавзӯъ ва барномаҳои махсусе, ки барои гирифтани расм ва банду басти маводи чандрасонаӣ истифода мешаванд, шинос гардиданд.
Журналистикаи муосирро бидуни маводи чандрасонаӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, изҳор дошт омӯзгор Хилватшо Хоҷаев. Зеро тавре ба мушоҳида мерасад, феълан дар ВАО-и кишварҳои ҷаҳон бештари мавод ба таври чандрасонаӣ пешниҳод карда мешаванд. Бинобар ин омода кардани матолиб бо шакли чандрасонаӣ талаботи замон аст.
Давоми машғулият кормандони ВАО оид ба омода сохтани маводи чандрасонаӣ маълумот гирифтанд. Омӯзгорон Хилватшо Хоҷаев ва Шаҳноз Комилзода ба таври назариявӣ ва амалӣ иштирокчиёни курси бозомӯзиро бо усулҳои ҷадиди пешниҳоди мавод дар расонаҳои муосир ва ғайра шинос намуданд.
Дар машғулият 16 нафар кормандони нашрияю маҷалла, агентиҳои иттилоотӣ ва радиою телевизион иштирок карданд. Баргузор намудани чунин курсҳои бозомӯзӣ барои тақвият бахшидани дониши рӯзноманигорон равона гардидааст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






