Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябри соли равон бахшида ба 29-солагии таъсиси Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи Меҳрободи ноҳияи Рӯдакӣ Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пойгаи мототсиклронӣ доир мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Левакант, Ваҳдат, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок менамоянд.
Пойга барои фатҳи марра байни мототсиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мототсиклҳои замонавии истеҳсоли ширкатҳои маъруфи Хонда, Кавасаки, Судзуки ва Ямаха миёни худ сабқат хоҳанд намуд.
Fолибон аз рӯи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.
Мусобиқа бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ сурат мегирад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






