Дар деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдуқадим Холиқов иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иншооти варзишӣ бо харҷи беш аз 150 ҳазор сомонӣ бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардидааст.
Муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода дар маросими ба истифода додани майдони футболи хурд рушди варзишро миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти Исфара яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуд.
Номбурда иброз дошт, ки “ба фаъолият шурӯъ намудани майдончаи нав имкон медиҳад, ки дӯстдорони варзиш минбаъд дар вақтҳои холӣ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар, майдончаҳо барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонанд”.
Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки бунёди майдонҳои футболи хурд дар шаҳри Исфара дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






