Дар деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Ноябрь 28, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ  «Ховар»/.  Дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ  Абдуқадим Холиқов  иншооти варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд, иншооти  варзишӣ  бо харҷи беш аз 150 ҳазор сомонӣ бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардидааст.

Муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода дар маросими ба истифода додани майдони футболи хурд  рушди варзишро миёни насли наврас дар шаҳру деҳоти Исфара  яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуд.

Номбурда иброз дошт, ки “ба фаъолият шурӯъ намудани майдончаи  нав  имкон медиҳад, ки дӯстдорони варзиш минбаъд дар вақтҳои холӣ ба бозии футбол машғул шаванд. Аз тарафи дигар, майдончаҳо барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонанд”.

Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки бунёди майдонҳои  футболи хурд дар шаҳри Исфара дар тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш мусоидат менамояд.

Ноябрь 28, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод