Дар Душанбе Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-2020” баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-2020” баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, ҳадафи баргузории Форум аз баррасии вазъи сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19, хисороти расида ба соҳа ва бахшҳои таркибии он, дастгирии соҳа дар шароити буҳронӣ ва пасобуҳронӣ, таркибсозии гуногуни сабади маҳсулоти сайёҳӣ, баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, боло бурдани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат иборат мебошад.
Дар кори Форуми байналмилалӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилоти байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат варзида, имконот ва дурнамои рушди соҳа мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






