Дар Душанбе ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар саҳни бинои Муасисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ-16 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад. Ярмаркаи мазкур аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе дар якҷогӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ярмарка роҳбарон ва шуъбаҳои кадрҳои ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидорие, ки барои фиристодан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷ аз кишвар аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, даъват карда мешаванд.
Ба шахсоне, ки ихтисос надоранд, барои касб омӯхтан дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» ва дигар марказҳои таълимии назди Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат дода мешавад.
Оғози ярмарка соати 9:00.
Акс аз бойгонӣ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






