Дар Хадамоти иҷро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд.
Сардори Хадамоти мазкур Барно Сайвализода иброз намуд, ки «мояи ифтихор ва сарфарозист, ки миллати тоҷик соҳибистиқлол ва соҳибдавлат гардида, муқаддасоти миллии худро соҳиб шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармонашон аз 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. Имрӯз Парчами давлатии мо дар қатори парчами дигар давлатҳо дар фазои созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки ин мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад”.
Барно Сайвализода ҳамчунин афзуд, ки моро зарур аст дар ҳама маврид шароит муҳайё намоем, то Парчами давлатӣ- рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишони нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар фарди Тоҷикистон ба ватани ободу соҳибихтиёр то абад парфишон бошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Ҳамеша дар ҳама ҷо дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд».








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






