Дар Кӯлоб озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.
Дар озмуни «Кадбонуи беҳтарин» иштирокчиён аз рӯи шартҳои зерин: намоиши либосҳои миллӣ, тарзи тайёр намудани хӯриш, ширинӣ, гуландозии кулча, тарзи тайёр намудани оши бурида, дӯхтани шероз ва бофтани ҷӯроб, қаламзанӣ ва чакандӯзӣ дар матоъ, ороиш ва парвариши мӯй ҳунарнамоӣ намуданд.
Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур-ин муайян намудани беҳтарин кадбонуҳо, инчунин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши ин ҳунарҳо ба ҷавондухтарон мебошад.
Дар ҷамъбасти озмун иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






