Дар Кӯлоб Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб Файзулло Нозимзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, курсантҳои коллеҷи милитсия ва дигар фаъолон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.
Муовини Раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён иброз намуд, ки мақомоти милитсия дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа, барқарор намудани сохти конститутсионии давлат ва ҳимояи ҳаёти осудаи сокинони мамлакат фидокорона хизмат менамоянд. Дар он вазъияти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ки фаъолнокии гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ва болоравии сатҳи қонуншиканӣ баръало эҳсос мешуд, кормандони милитсия бо вуҷуди мушкилиҳои зиёди моддиву техникӣ вазифаҳои муқаддаси худро сарбаландона иҷро карданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ ба як гурӯҳ кормандон, собиқадорони милитсия ва фаъолони шаҳр ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи милитсия дар шаҳри Кӯлоб якчанд мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои футбол, шоҳмот, шашка ва теннис доир гардида, ба ғолибон аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсия таҷлил карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






