Дар маркази Исфара сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз гардид

Ноябрь 24, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ  «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази  шаҳри Исфара сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои сармеъмори шаҳри Исфара Абдумубин Фаттоев, майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара омода шудааст.

Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Арзиши корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 220 ҳазор сомониро дар бар гирифта, дар майдони мазкур бунёди гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо низ дар назар аст, ки ба ҳусни шаҳр шукӯҳи хосса зам менамоянд.

Майдони Парчами давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, дар назар аст, ки бахшида ба ин ҷашни миллӣ зиёда аз 450 иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шаванд.

Ноябрь 24, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд