Дар маркази Исфара сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Исфара сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои сармеъмори шаҳри Исфара Абдумубин Фаттоев, майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,65 гектар бунёд гардида, лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Исфара омода шудааст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Арзиши корҳои сохтмонӣ 2 миллиону 220 ҳазор сомониро дар бар гирифта, дар майдони мазкур бунёди гулгашту нишастгоҳҳо ва фаввораҳо низ дар назар аст, ки ба ҳусни шаҳр шукӯҳи хосса зам менамоянд.
Майдони Парчами давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта, дар назар аст, ки бахшида ба ин ҷашни миллӣ зиёда аз 450 иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






