Дар Москва мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Литва баргузор гардид

Ноябрь 11, 2020 09:12

ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар Москва мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сафири Ҷумҳурии Литва дар Федератсияи Россия Эйтвидас Баярунас баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушду таъмиқи ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо баррасӣ шуд.

Ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми суҳбат ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ иброз намуданд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Ноябрь 11, 2020 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд