Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 3 оила кумаки якдафъаина расонида шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳисоби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба 3 оила кумаки якдафъаинаи иборат аз маблағ ва маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, пиёз, картошка, равғану биринҷ расонида шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
28 ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули шаҳрвандон доир гардид.
Дар қабул сокинон пешниҳодҳои хешро, аз қабили расонидани кумак барои сохтмони ду муассисаи таълимӣ, сохтмони хати оби нӯшокӣ дар деҳаи роҳи Ленин, таъмири пул, насб намудани зеристгоҳ барои иншооти ҷашнии Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ», ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои сокинони деҳаи М.Горкий, насб намудани трансформатор ва симчӯбҳо дар деҳаи навтаъсиси муҳоҷирони дохилии Ҷамоати деҳоти Фрунзе, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба фонди манзил гузаронидани замин аз ҳисоби чарогоҳ ва ниёз доштани 3 оила ба кумаки молиявӣ ба раиси вилоят расониданд.
Раиси вилоят пешниҳодҳои шаҳрвандонро ба инобат гирифта, ба масъулин дастур дод, ки муроҷиатҳои мардумро иҷро намоянд.








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






