Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 3 оила кумаки якдафъаина расонида шуд

Ноябрь 30, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳисоби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба 3 оила кумаки якдафъаинаи  иборат аз маблағ ва маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, пиёз, картошка, равғану биринҷ расонида шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

28 ноябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули шаҳрвандон доир гардид.

Дар қабул сокинон пешниҳодҳои хешро, аз қабили расонидани кумак барои сохтмони ду муассисаи таълимӣ, сохтмони хати оби нӯшокӣ дар деҳаи роҳи Ленин, таъмири пул, насб намудани зеристгоҳ барои иншооти ҷашнии Ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ», ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимӣ барои сокинони деҳаи М.Горкий, насб намудани трансформатор ва симчӯбҳо дар деҳаи навтаъсиси муҳоҷирони дохилии Ҷамоати деҳоти Фрунзе, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба фонди манзил гузаронидани замин аз ҳисоби чарогоҳ ва ниёз доштани 3 оила ба кумаки молиявӣ ба раиси вилоят расониданд.

Раиси вилоят пешниҳодҳои шаҳрвандонро ба инобат гирифта, ба масъулин дастур дод, ки муроҷиатҳои мардумро иҷро намоянд.

Ноябрь 30, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид