Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамринҳои худро идома медиҳад

Ноябрь 24, 2020 14:35

ДУШАНБЕ, 24.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2021   таҳти роҳбарии сармураббӣ  Мубин Эргашев ҷамъомади таълимиву тамриниро   идома медиҳад. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии мазкур, ки то 30 ноябр идома меёбад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба тамрини дувақтӣ фаро гирифта шуд. Тамринҳо дар майдон ва дар толори варзишӣ баргузор мешаванд. Дар ин тамринҳо дар ихтиёри сармураббӣ 28 бозингар, аз ҷумла 4 дарвозабон, 10 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 6 ҳамлагар қарор доранд.

Ёдрас мешавем, ки Чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 19-сола аз 3 то 20 марти соли оянда дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мегардад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» якҷоя бо ҳамсолони худ аз кишварҳои Малайзия, Яман ва Қатар баромад мекунад. Чор дастаи беҳтарини ин мусобиқа соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2021 байни ҷавонони то 20-сола мешаванд. Баргузории мусобиқаи мазкур дар давлати Индонезия дар назар аст.

Ноябрь 24, 2020 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад